АКСУ ВИДЕОИ тирпаронии “ОМОН” бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар гардиши фурудгоҳ
Дурбинҳои “Шаҳри бехатар” лаҳзаҳои тирпаронии кормандони дастаи таъиноти махсуси Вазорати умури дохилӣ-“ОМОН” бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар гардиши фурудгоҳро сабт кардаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шоми 7 сентябр бо пахши як гузориши видеоӣ лаҳзаҳои тирпаронии кормандони “ОМОН”-ро дар гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе нишон дод, ки тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд: “Дар навори сабткардаи дурбинҳо мошини низомии ҳомили кормандони “ОМОН” соати 5-у 24 дақиқаю 54 сония ба гардиши фурудгоҳ омада меистад. Баъди чанд сония яке берун рафта, сӯи роҳи пиёдагард ҳаракат мекунад, вале маҷруҳ шуда, бо дастгирии ду ҳамроҳи дигараш ба назди мошин бозпас мегардад. Дар навор се корманди “ОМОН” намоёнанд, ки зимни тирпаронӣ якеаш маҷруҳ мешавад”.
ВИДЕОИ ГУЗОРИШИ ВУД ВА ЛАҲЗАҲОИ ТИРПАРОНӢ ДАР ГАРДИШИ ФУРУДГОҲ
Сайёд Раҳимови 23-сола, ягона корманди “ОМОН”-е, ки дар тирпаронии субҳи 4-уми август дар гардиши фурудгоҳи Душанбе маҷруҳ шуда, ҷон ба саломат бурдааст, дар суҳбат бо “TojNews” қазияро чунин шарҳ додааст: “Мо омодагӣ доштем, ки ҳамла сурат мегирад, вале ба ин хел шиддатнок будани ҳамла омодагӣ надоштем. Вақте мо расидем, сардори штабамон Дмитрий Бӯриев давида рафт, ки ӯро парронданд. Аз дохили даромадгоҳи хонаи баландошёна ПК (пулемёти Калашников) мезаду аз ҷои дигар “снайпер (нишонзан)”. Маро ҳам бо автомат не, балки аз он тараф “снайпер” зад. Фикр кардам, маро аз пушт задаанд. Хун рафт, ҳама либосҳоям пури хун шуда буд. Вақте сардорамон ба самти онҳо ҳамла кард, ман аз қафои ӯ будам, касе, ки ӯро парронд то ҳол чеҳраашро фаромӯш накардаам. Он замон як ҳамраҳи дигарам ҳам захмӣ шуда буд. Худро пеш кашидам. Силоҳи худамро дар таги сари ӯ мондам. Дигар дилам нашуд, ки силоҳро аз таги сари ӯ бигирам. Дидам, ки як автомати дигаре дар замин хобидааст, онро гирифта ҳамла кардам. Ростӣ, он замон умеди зинда мондан ҳам хеле кам буд, чун тақрибан 10 дақиқа аз болои сарамон мисли борон тир мегузашт. Касе, ки ба сардор ҳамла карда буд, чеҳраашро ба хотир дорам, ман дар пояш паррондам. Дидам, ки аз сӯи дигар боз ду кас меояд, ба тарафашон тир холӣ карда, як нафари онҳоро аз по афтондам, вале дигариаш гурехт. Мо аввалин гуруҳ будем, ки ба ҷои ҳодиса расидем ва аввалин касоне будем, ки дар ин воқеаҳо қурбонӣ додем. Тирборон тақрибан 10-15 дақиқа давом кард, баъд дар як “Страекс” як гурӯҳи милисаҳои дигар омада расиданд”.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар даргириҳо 9 корманди мақомоти умури дохилӣ-5 нафар дар Душанбе ва 4 нафар дар Ваҳдат ба ҳалокат расида, 10 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Феълан амалиёт алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки ба дараи Ромит фирор кардаанд, идома дорад.