Дастгир шудани шаҳрванди Австрия барои наворбардории марз
Марзбонони қирғиз аз боздошт шудани як шаҳрванди Утриш (Австрия) хабар медиҳанд, ки бидуни иҷоза машғули наворбардории марзи Тоҷикистону Қирғизистон будааст.
Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, боздоштшуда аз Тоҷикистон вориди қаламрави Қирғизистон гардидааст: “Шаҳрванди Утриш ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон супорида шудааст”.
Гуфта мешавад, ӯ бидуни иҷоза бо квадрокоптер – ҳавопаймои бесарнишини наворбардор манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро навор мебардоштааст.