ВИДЕО: Дархости раддия аз “Россия 24” дар мавриди генерал Назарзода
Ҷониби Тоҷикистон мехоҳад шабакаи маъруфи “Россия 24”, ки ба ҷои Абдуҳалим Назарзода акси Рустам Назарзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистонро ҳамчун "раҳбари гуруҳи террористӣ" нишон додааст, раддия пахш кунад.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, “мо медонем, ки дар ин гузориши телевизионӣ иштибоҳан акси генерал Рустам Назарзода намоиш дода шудааст. Танҳо мехоҳем, ки ин хатояшонро ислоҳ кунанду эълон намоянд, ки хато шудааст”.
5 сентябри соли ҷорӣ шабакаи “Россия 24” дар як гузориши телевизиониаш дар бораи ҳодисаҳои рӯзи 4 сентябр ва генерали фирорӣ - Абдуҳалим Назарзода навореро пахш карда, ба ҷои Абдуҳалим Назарзода акси Рустам Назарзодаро нишон дод. Дар гузориш Назарзода ҳамчун генерали исёнгар ва раҳбари гуруҳи террористӣ муаррифӣ шудааст, ки дар қатли кормандони мақомоти умури дохилии Тоҷикистон даст дорад.