Боздошти боз 3 нафар ва тақсимшавии шарикони Ҳоҷӣ Ҳалим ба гуруҳҳо
Мақомоти умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд имрӯз, 8 сентябр боз се узви гуруҳи генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода маъруф бо лақаби "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро дар дараи Ромит боздошт намуданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, аз боздоштшудаҳо 5 автомати "АКМ" ва миқдори зиёди тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим", ки асосан аз собиқ размандагони мухолифин ва низомиёни баталиони 25-ум иборат аст, дар пайи фирор ба дараи Ромит ба гуруҳҳо тақсим шуда, қисме аз онҳо силоҳро дар хонаҳояшон пинҳон намудаанд: “Бо вуҷуди ин дар пайи амалиёти мақомот ин гуруҳҳо муайян ва дастгир карда мешаванд”.
ВКД мегӯяд, афроде ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё дар бораи он хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Қаблан мақомоти умури дохилӣ аз боздошти беш аз 50 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва кушта шудани 17 нафари онҳо иттилоъ доданд. ВКД меафзояд, феълан амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар Ромит идома дорад.
Акс аз гузоришҳои видеоии ВКД