Ҳалокати донишҷӯи 18-сола дар пайи оббозӣ дар Душанбе
Як сокини 18-солаи ноҳияи Балҷувон дар рудхонаи Душанбе ғарқ шудааст. Дар ин бора Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, ин ҳодиса рӯзи душанбеи 7 сентябр ба вуқӯъ пайвастааст.
Ӯ мегӯяд, Шаҳбоз Умаров, сокини рустои Чашмасори Балҷувон, ки дар душанбе таҳсил мекардааст, ҳангоми оббозӣ дар маҳаллаи 63-и ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:24 ғарқ мешавад: “Дастаи зудамали ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Душанбе соати 15:50 ҷасадро аз об берун намуда, ба кормандони пулис супоридаанд”.
Ду рӯз қабл аз ин, 5 сентябр аз дарёи Душанбе ҷасади Ҷаҳонгир Насриддинов, сокини 15-солаи маҳаллаи 63-и ноҳияи Фирдавсӣ пайдо гардид. Оқои Нозимов ба “Озодагон” гуфт, ҷасади ин хонандаи мактабро Дастаи зудамали ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе соати 13:02 аз дарёи Душанбе берун кардааст.
Пайвандони Ҷаҳонгир рӯзи 3 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буданд, ӯ субҳи 31 август барои хариди дафтару китоб аз хона берун шуда, бедарак гардидааст.