Ҷаноби Рамадоновский ҳамчунин бо пешниҳоди барҳам задании тартиби бақайдгирии муваққатии хориҷиён баромад карда, ба ҷойи он фавран додани ҳаққи зист дар кишварашро тақозо кардааст.
Ӯ гуфтааст, имрӯз барои хориҷиён дар мавриди гирифтани шаҳрвандии Русия мушкилоти зиёди идорӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зиёду такрорӣ пешбинӣ шудааст, ки хеле нороҳаткунанда аст.
-Тартиботи додани ҳаққи зисти муваққатӣ аллакай хидмати худро адо карда, дигар як чизи нолозим шудааст. Сохтори мавҷуда фасодзада ва бесамар аст, зеро додан ва ё надодани иҷозаи зисти муваққатӣ танҳо аз нафари «пагондор» вобаста шудаасту бас - гуфтааст сарвари ХФМ.
Бино ба пешниҳоди сарвари ХФМ К. Ромодоновский ҳаққи зисти доимӣ бояд тибқи дарназрдошти донистани забони маҳаллӣ, сатҳи маълумот ва дигар шартҳои муайян сурат бигирад. Ӯ андеша дорад, ки ин тартиб нисбатан дастрасу осонтар будааст, зеро дар зарурат шартҳоро метавон ба осонӣ тағйир дод.
Бино ба маълумоти Кумитаи қонунгузори конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ ҳамасола ба Русия ҳудуди 3 миллион муҳоҷир ворид мегардад ва аммо танҳо барои 1,3 миллион нафар иҷозаи меҳнат ва ё квота муқаррар шудаасту бас.