Маҳкумияти Қаюмов баъди 14 соли фирор
Додгоҳи вилояти Кургани Русия Абдусабур Қаюмов, шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро ба 18 соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи иттилои додситонии вилоят Қаюмов дар ҷинояти куштор муттаҳам мешавад ва аз соли 2001 то ҳол дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст: “Соли 2001 зимни истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ дар хонаи як ҷуфти бознишаста дар деҳаи Чебачеи ноҳияи Частоозерск миёни Қаюмов ва соҳибхонаҳо муноқиша сар мезанад. Дар натиҷа Қаюмов бо болғаи чӯбӣ ба сари нафақахӯрҳо зада, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад”.
Ба иттилои манбаъ зани нафақахӯр бо кӯмаки табибон ҷон ба саломат мебарад ва алайҳи Қаюмов шоҳидӣ медиҳад: “Ӯ баъди 14 соли фирор боздошт ва ба 18 соли зиндон маҳкум шуд”.