(АКСУ ВИДЕО) Ёдбуди А. Саттор: "Мортеппа" "Акбаробод" номгузорӣ шавад
Рӯзноманигорони тоҷик, 8 сентябр дар Рӯзи ҷаҳонии ҳамраъйии журналистон маҳфили ёдбуди Акбари Сатторро дар Душанбе баргузор намуданд.
Дар ин ҳамоиш, ки дар толори Маҷмааи табъу нашр - "Шарқи Озод" сурат гирифт, барои поси хотири марҳум Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон пешниҳод шуд, як кӯча дар Душанбе ва мактаби деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба номи ӯ гузошта шаванду нимпайкарааш бунёд гардад. Сайёфи Мизроб пешниҳод кард, ҷоизаи ба номи Акбари Саттор таъсис шуда, дар як сол як маротиба тақдим гардад. Ӯ инчунин хостори ба унвони Рӯзи ҳамдилии журналистони тоҷик пазируфтани 28 август шуд. Санае, ки Акбари Саттор даргузашт. Журналист Шарифи Ҳамдампур даъват кард, деҳаи Мортеппа - зодгоҳи Акбари Саттор -- “Акбаробод” номгузорӣ шавад.
Ин пешниҳодҳо барои поси хотири Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳолеянд, ки қалби ӯ рӯзи 28 август тақрибан соатҳои 16:00 аз тапиш боз монда буд. Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун" буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.