Даъвати Қодиров аз Э.Раҳмон ва дигар раҳбарони мусалмон: Фардо дер мешавад...
Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дигар раҳбарони кишварҳои мусалмоннишин даъват намудааст, ки ба гурезаҳои мусалмони кишварҳои ҷангзада дасти ёрӣ дароз кунанд.
Қодиров дар сафҳаи шахсии интернетияш изҳор доштааст, ки дар пайи сиёсати нодурусти Ғарб бисёре аз сокинони кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия, Алҷазоир, Лубнон, Яман ва Судону Сомалӣ гуреза шудаанд. Ӯ аз роҳбарони Тоҷикистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Умон, Баҳрайн, Кувайт, Индонезия, Малайзия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо даъват намудааст, ки ба ҳимояи бародарони ҳамдинашон бархезанд.
Қодиров таъкид намудааст, ки роҳбарони ин кишварҳо ҳамчун мусалмон уҳдадоранд ба гурезаҳои ниёзманд кӯмак кунанд ва ҳушдор додааст, ки бетарафӣ дар ин ҳолат рӯзи қиёмат ҷазои сахт дорад. Ӯ илова намудааст, ки агар имрӯз барои ислоҳи вазъ чораандешӣ накунанд, фардо дер хоҳад шуд ва ин мушкил метавонад ба сари ҳар кишвари мусалмоннишин биёяд.
Ин даъвати раисиҷумҳури Чеченистон дар ҳолест, ки бино ба иттилои агентии сарҳадии Аврупо Frontex дар ҳафт моҳи соли 2015 340 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои ҷангзада вориди Иттиҳоди Аврупо гаштаанд. Тибқи иттилои расмӣ ҳамарӯза дар роҳи гурез ба Аврупо даҳҳо муҳоҷир ба ҳалокат мерасанд. Комиссияи Аврупо буҳрони феълии муҳоҷиронро бузургтарин баъди ҷанги дуюми ҷаҳон хондааст.