Боздошти сокини Мурғоб бо 2 кило ёқут
Мақомоти пулиси Тоҷикистон як сокини 36-солаи ноҳияи Мурғобро бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо боздошт намудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ боздошт рӯзи 7-уми сентябр, зимни як амалиёт сурат гирифтааст: “Дар вақти кофтукоби шахсӣ аз гумонбаршуда 2 кило сангҳои қимматбаҳои навъи ёқут дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Ин ниҳод мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Коршиносон мегӯянд, арзиши ду кило ёқут метавонад, наздики 200 ҳазор сомониро ташкил диҳад.