“Каримов номи президенти ояндаи Узбакистонро эълон кардааст”
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон духтари хурдиаш – Лоларо дар курсии президентӣ дидан мехоҳад.
Дар ин бора Усмон Ҳақназаров, сиёсатшиноси маъруфи узбак дар торнамои Ҳаракати мардумии Узбакистон хабар додааст.
Ба қавли ӯ, охирҳои моҳи апрели соли равон Ислом Каримов дар бустонсарои Куксарой бо иштироки як ҳайати маҳдуд ҷаласае доир кардаву исми ҷонишини худро эълон кардааст. Ҳақназаров навиштааст, дар ин ҷаласа раҳбари Хадамоти амнияти миллӣ Рустам Иноятов, вазири корҳои дохилӣ Адҳам Аҳмадбоев, нахуствазир Шавкат Мирзиёев ва муовини аввали сарвазир Рустам Азимов иштирок доштаанд.
Ба иддаои сиёсатшинос, Каримов гуфтааст, бояд давоми панҷ соли оянда, яъне то интихоботи дигари раёсатҷумҳурӣ нафаре барои курсии президентӣ омода шавад. “Фикр мекунам, шумо зид нестед, агар давоми ин панҷ сол барои ин миссия Лоларо омода созем”,-гуфтааст Каримов.
Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли қабл Гулнора Каримова, духтари калони Ислом Каримов президенти ояндаи Узбакистон ҳадс зада мешуд. Аммо соли гузашта сару садоҳо атрофи номи ӯ зиёд шуд ва ҳатто хабари ҳабси хонагӣ шуданаш расонаӣ гардид. Дар пайи амалиёти ҷудогона фаъолияти ширкатҳои марбут ба Гулнора қатъ шуда, нафарони наздик ба ӯ пушти панҷара рафтанд.