(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм
Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар парвандаи ҷиноӣ боз карда, гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ амволашро ҳисоб намудааст.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон гуруҳи тафтишотӣ муайян кардааст, ки Назарзода ё худ Ҳоҷӣ Ҳалим соҳиби истироҳатгоҳҳо дар Варзоб, ширкати сохтмонӣ, хоҷагии кишоварзӣ, коргоҳи дузандагӣ, коргоҳи нонпазӣ, тарабхона, толори варзишӣ, хоҷагии чорвопарварӣ, хоҷагии асппарварӣ ва як қатор иншооти дигар мебошад.
Тибқи гузориши мақомот Ҳоҷӣ Ҳалим ғайриқонунӣ соҳиби молу мулки зиёд шуда, аз ҳисоби даромадаш ба гуруҳи шарикони худ маблағҳои муайян медодааст: “Аз ҷумла корхонаи нонпазӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанберо гирифта, дар ҳудудаш ғайриқонунӣ хонаи сеошёна бунёд намудааст. Зимни кофтукоб аз ин хона фиттаҳо зиёди динӣ дарёфт гардидаанд”.
Инчунин ба иттилои мақомоти тоҷик Ҳоҷӣ Ҳалим дар ноҳияи Варзоб се истироҳатгоҳи боҳашамат бо номи “Зафар”-ро бунёд намудааст, ки арзиши хеле гарон доранд: “Дар баробари ин Назарзода бинои Донишкадаи геодезии Академияи улумро дар гузаргоҳи 3-юми маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ соҳиб шуда, баъди таъмир ба манзили истиқоматӣ табдил додааст. Дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, Назарзода хоҷагии деҳқонии “Тобистон”-ро, ки 148 гектар заминро фаро мегирад, барои парвариши зироатҳо ба шахсони алоҳида супоридааст: “Дар ҳудуди ин хоҷагӣ инчунин фабрикаи мурғпарварӣ фаъолият мекунад”.
Мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки хоҷагии номбурда чор маротиба бо қарори додгоҳ ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Ваҳдат гузошта шудааст, аммо Назарзода бо роҳҳои гуногун, бо ҳалномаи Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон баҳсро ба манфиати худ ҳал намудааст.
Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин собиқ соҳиби корхонаи мурғпарварии “Тарз” муаррифӣ мешавад, ки онро ба ивази 500 ҳазор ба Саъдулло Насруллоевич фурӯхтааст: “Дар баробари ин 15 гектар замини ширкати “Сохтмон Р”-ро, ки дар гузашта бо номи “Лесоснаб”-и ноҳияи Шоҳмансур машҳур будааст, аз худ карда, қисм-қисм ба шахсони алоҳида фурӯхтаю ба иҷора додааст. Инчунин аз ҳудуди ин корхона дар шафати кӯчаи Зебуниссо Ҳоҷӣ Ҳалим толори варзишии “Лидер” ва тарабхонаи “Зайтун”-ро бунёд кардааст”.
Гуруҳи тафтишотӣ инчунин муайян намудааст, ки собиқ муовини вазири мудофиа дар кӯчаи Аҳмади Дониш кафе-бари “Бахтиёр”-ро бунёд кардааст: “Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб як мағозаи фуруши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дузандагӣ вуҷуд доранд, ки тибқи бархе маълумот ба зани сеюми Ҳоҷӣ Ҳалим тааллуқ доранд”.
Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин соҳиби хоҷагиҳои асппарварию парвариши чорвои калони шохдор дар ноҳияи Рашт муаррифӣ мешавад.
Мақомот мегӯянд, собиқ муовини вазири мудофиа бо аҳли оилааш дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар як бинои 12 қабата 5 хонаи ошёнаи 5-умро харидорӣ карда, дар он ҷо зиндагӣ мекардааст: “Ҳамчунин дар хиёбони Рӯдакӣ-187 ошёнаи сеюми як бинои сеошёнаро харидорӣ намудааст”.
Ин иттилоияи мақомот дар ҳолест, ки гуфта мешавад Ҳоҷӣ Ҳалим солҳои 90-уми асри гузашта дар хориҷи кишвар ба тиҷорат машғул будааст ва баъди имзои шартномаи сулҳ бо маблағи калон ба Ватан баргашта, корхонаҳои зиёдро харидорӣ намудааст.