Боздошти чӯпони тоҷик аз сӯи марзбонони узбак
Мақомоти марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, имрӯз, 7 сентябр аз боздошти як чӯпони тоҷик, сокини ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилоияи мақомоти марзбонии Узбакистон чӯпони тоҷик дар маҳаллаи Маданияти ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззах зимни убури ғайриқонунии марз боздошт шудааст: “Боздоштшуда талош дошт, бо 5 сар чорвои дуздидааш аз Узбакистон ба Тоҷикистон гузарад, ки боздошт гардид”.