Мастчо: Захмӣ шудани як хонум аз ҷониби ҳамсараш
Сироҷиддин Каримови 45 сола ҳамсарашро бо корди хоҷагӣ захмӣ кардааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, номбурда, ки сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчо мебошад, аснои муноқишаи оилавӣ ба ҳамсараш дарафтода, ӯро бо корд задааст. Дар пайи ин Санавбар Каримоваи 43-сола аз шикамаш ҷароҳати вазнин гирифта, дар беморхона муолиҷа мегардад. Оиди ин қазия алъон парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}