Боздошти боз 14 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим ва ваъдаи мукофот барои кӯмак
Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки имрӯз, 7 сентябр дар натиҷаи амалиёти муштарак дар Ромит боз 14 узви гуруҳи генерали фирорӣ-Ҳоҷӣ Ҳалимро боздошт кардаанд.
Ба иттилои ин мақомот ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 6 адад автомати Калашников, 2 адад ПК, 1 адад СВД, 1 адад РПГ-7В ва миқдори зиёди тирҳои гуногун, тирдон ва норинҷакҳо дарёфт ва мусодира карда шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ сокинонро ба ҳамкорӣ бо мақомот алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим даъват намуда, таъкид мекунанд, ки “тинҷию оромии ҷомеаи Точикистон аз ҳамкории мо вобастагии калон дорад: “Касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд аз ҷавобгарӣ озод буда, барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор мусоидат менамоянд, мукофотонида мешаванд”.
ВУД таъкид мекунад, ки амалиёт алайҳи гурӯҳи террористии Назарзода дар Ромит идома дорад. Хабари боздошти 14 нафар рӯзи 7 сентябр ва боздошту нобудсозии 11 нафар рӯзи 6 сентябр дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилӣ рӯзи 5 сентябр шарикони Ҳоҷӣ Ҳалимро дар Ромит 7-8 нафар арзёбӣ карда буд.