Шӯрои уламо қурбониёни ҳамлаи “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро шаҳид хонд
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз ҳалокати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи ҳамалаҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим изҳори ташвишу тасаллият кардааст.
Шӯрои уламо, ниҳоди зертобеи Саидмукаррам Абдулқодирзода имрӯз, 7 сентябр бо пахши як изҳорот гуфтааст, аз ҳаводиси ғайричашмдошти рӯзҳои охир - ҳамлаи нохалафонаи гурӯҳи ҷинояткорон бо сарварии собиқ муовини вазири дифои мамлакат Абдуҳалим Назарзода (ҳоҷӣ Ҳалим) ба бинои марказии Вазорати мудофиаи кишвар ва бинои шуъбаи милисаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси ҳалокати якчанд нафар муҳофизони амнияту тартибот, кормандони дастаи таъиноти махсуси ВКД ва чанд нафар хизматчиёни дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидааст, хеле дар ташвишу изтироб мебошад: “Ба падару модарон, бародарону хоҳарон ва хешу ақрабои онҳое, ки наздиконашон ҷон ба каф гирифта, амну суботи моро ҳимояткунон ҷон супурданд, изҳори тасаллият намуда, аз Худованди азза ва ҷалл барояшон сабри ҷамил ва аҷри азим мехоҳанд".
Ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки қурбониёни ин ҳамлаҳо шаҳид мебошанд: "Мо мутмаинем, ки ин сарбозону афсарон, ки барои ҳимояи рӯзгори осоиштаи ҷомеи мусулмонӣ ва арзишҳои муқаддаси ватани азиз ҷони хеш нисор кардаанд, ба шаҳодат расидаанд ва номи неки онҳо аз лавҳи ёдҳову хотираҳо нахоҳад рафт. Ватан ва мардуми азизи кишвар ҳамеша муҳофизону тансипарҳои хешро гиромӣ хоҳад дошт, зеро ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар”.
Шӯрои уламо дар ниҳоят аз Худованди бузургу тавоно ва меҳрубону карим хостааст, ҳамаи мо ва диёри азизи моро аз ҳама хавфу хатар ва аз шарри ҳасудону нотавонбинон дар паноҳаш нигаҳ дорад!