Ҳалокати 4 тоҷик дар пайи бархӯрди “Газел” бо “фура”
Мақомоти умури дохилии вилояти Маскав аз бархӯрди мусофирбари “Газел” бо мошини боркаш-“фура” хабар доданд, ки дар натиҷа 4 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ду нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод садама якшанбеи 6-уми сентябр дар маҳаллаи Никулинои ноҳияи Подолски назди Маскав, дар натиҷаи ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромадани мошини боркаш рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, аз мусофирони “Газел”, 4 нафарашон ба ҳалокат ва 2 нафар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудаанд, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.