Иттифоқи ҷавонон Назарзодаро хоини миллат хонда гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмонро дуст медорем
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз, 7 сентябр бо пахши як изҳорот амалҳои генрерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба “Хоҷӣ Ҳалим”, собиқ муовини вазири дифои кишварро маҳкум намудааст.
Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта мешавад, “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба ирода ва матонати миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик эътимоди қавӣ дошта, рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он Назарзода Абудҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро сахт маҳкум намуда, ҳамагонро ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, истиклолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии хонадону домани поки хоҳарону модарон даъват менамояд”.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар изҳороти худ аз дастовардҳои замони истиқолоият, рушду пешравии кишвар ёдрас намуда, гуфтааст, “мо ҷавонони даврони Истиқлолият бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз итиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки Пешвои миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуст медорем ва дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири пулодӣ ба ҳам пайваст буда, ҳатто то охирин лаҳзаҳои ҳастӣ, ҳимоятгари сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем”.
Дар ин изҳорот навишта шудааст, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон “бо шунидани хабари хиёнаткорона ва разили Абдуҳалим Назарзода ва ба ҳалокат расидани гурдони далеру ҷасур, ки дар роҳи таъмини амнияти ормонҳои миллӣ фидо гаштанд, тамоми ҷавонон ба муттаҳид шудан ва бетарафу тамошобин набудан даъват менамояд”.