Қатъи хизматрасонии СМС ва нахустин паём аз қавли Ҳоҷӣ Ҳалим
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон хизматрасонии ирсоли паёмак - СМС-у ММС-ро қатъ кардаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” муштариёни ширкатҳои мобилӣ иттилоъ дода, афзуданд, ки аз зуҳри 6-уми сентябр наметавонанд паёмак фиристанд ё қабул кунанд.
Қатъи ин хизматрасонӣ дар ҳолест, ки амалиёти мақомоти тоҷик алайҳи Абдуҳалим Назарзода, генерали фирории тоҷик дар дараи Ромит идома дорад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қавли ӯ паём нашр шудааст. Дар он, ки нахустин изҳороти Назарзода муаррифӣ мешаваду иттилое дар бораи воқеӣ будани он рӯи даст нест, тамоми иттиҳомоти мақомоти тоҷик алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим рад карда мешавад. Дар изҳорот, ки аз қавли Назарзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои муътабари Русия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ҳамагӣ чанд соат пеш аз ин ҳодиса ӯро сарчашмаҳояш дар мақомот огоҳ менамоянд, ки имшаб ӯ ва чанде аз собиқ фармондеҳони ИНОТ ҳабс мешаванд: “Ӯ чанде аз фармондеҳони собиқи ИНОТ-ро дар ҷараён мегузорад ва онҳоро барои машварат ба манзилаш даъват менамояд. Баробари расидани онҳо эҳсос менамоянд, ки баромадҳои шаҳри Душанберо бастаанд ва дар муҳосара афтодаанд ва ҳамагӣ ҳабс ё кушта ҳоҳанд шуд. Тасмим гирифтанд, аз он ки ҳабс ё таҳқиромез кушта шаванд, дар набард ва мубориза бо шаҳодат бирасанд, авлотар аст. Пас аз машварати кутоҳ, дар як амалиёти ногаҳонии барқосо аз чанд идораву қисмҳои низомии наздик силоҳу муҳиммоти заруриро ба даст оварда, ҳалқаи муҳосираро дар яке аз самтҳои беруни шаҳр рахна мекунанд”.
Дар изҳороти паҳншуда таъкид шудааст, ки Ҳоҷӣ Абдуҳалим сабаби асосии чунин тасмими ногаҳонии ҳукуматро барои нобуд кардани собиқ қумандонҳои ИНОТ дар он мебинад, ки на ҳама дар Баёнияи зидди Наҳзат имзо гузоштанд ва тарафдорӣ карданд.
Ин изҳорот, ки феълан иттилое дар бораи воқеӣ будани он рӯи даст нест, то ҳол аз ҷониби мақомоти тоҷик шарҳ дода нашудааст.