(АКС) Дар Душанбе бо 43 миллиону 850 ҳазор сомонӣ Раёсати консулгарии ВКХ бунёд мешавад
Дар Душанбе бинои 9-ошёнаи Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷи Тоҷикистон бунёд мешавад, ки хазинаи он 43 миллиону 850 ҳазор сомонӣ гуфта шудааст.
Дафтари матбуотии президенти кишвар мегӯяд, субҳи имрӯз, 7 сентябр Эмомалӣ Раҳмон ва Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ санги асоси Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷиро гузоштанд: “Ин иншоот дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар замини масоҳаташ 1937 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 9 ошёна иборат хоҳад буд. Фармоишгар - Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур додаст, бино бо сифати хуб дар муҳлати як сол то ҷашни 25-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шавад. “Раёсати консулгарӣ бо тарҳи зебои меъмории миллӣ ва бо сангҳои ороишӣ сохта шуда, дар ошёнаҳо он утоқҳои кории шуъбаҳо, идораҳо, толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои дарсӣ ҷойгир карда мешавад. Барои дар ҳама фасли сол муътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохили бино он бо тамоми таҷҳизоти техникии муосир таъмин мегардад. Ба ғайр аз утоқҳои барҳавои корӣ, ки бо шароити замонавӣ барои коргузорӣ бунёд мешавад, дар таҳхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои мошинҳои коргарон, анборхона, зеристгоҳи барқӣ ва дигар утоқҳои техникӣ ҷойгир мегардад. Инчунин дар ошёнаи якум утоқи қабули меҳмонон, қабули муштариён бо 134 ҷой ва 8 утоқи иҷозатномадиҳӣ бунёд мешавад”,-меафзояд манбаъ.