Пайдо шудани ҷасади Ҷаҳонгири 15-сола, ки барои хариди дафтару китоб рафта буд
Ҷасади Ҷаҳонгир Насриддинов, сокини 15-солаи маҳаллаи 63-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, аз дарёи Душанбе пайдо гардидааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ҷасади ин хонандаи мактаб ду рӯз қабл ёфт шудааст: “Дастаи зудамали ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе 5 сентябри соли ҷорӣ соати 13:02 ҷасади Ҷаҳонгир Насриддиновро аз дарёи Душанбе берун карда, ба кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ супориданд”.
Пайвандони Ҷаҳонгир рӯзи 3 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буданд, ӯ субҳи 31 август барои хариди дафтару китоб аз хона берун шуда, бедарак гардидааст.