Аз ин ба баъд дар Русия иштирокдорони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон солҳои 1992-1997 аз имтиёзи вижае бархӯрдор хоҳанд шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ин кишвар, Думаи давлатӣ ё худ маҷлиси поёнии парлумони ФР ба афроди зикршуда мақоми баробар ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро додааст. Бар асоси тағйироти ворида ба Қонуни собиқадорон, акнун ширкат дар ҷанги Тоҷикистон низ ба аскарону сарбозони артиши Русия имтиёзи ветеранӣ хоҳад дод.
Бино ба ҳисобҳо, ин қонун тақрибан ба 33 600 нафар мақоми собиқадори ҷангро эъто мекунад. Дар низоъҳои мусаллаҳонаи солҳои 90 дар Тоҷикистон воҳидҳои дивизияи 201-ум ва ҳам нирӯҳои марзбониву амниятии Русия низ шомил буданд.{jathumbnail off}