АКСУ ВИДЕО: Аз боздошти афсарони ВМ то шоҳидии Абдуллоев: Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамаро подставит кард..
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 42 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо шумули муҳофизони ӯ ва афсарони Вазорати мудофиа хабар дод. Ба иттилои манбаи “Озодагон” то ҳол 42 шарики "Ҳоҷӣ Ҳалим" боздошт ва 17 нафар кушта шудаанд.
Манбаъ дар қатори боздоштшудаҳо аз подполковник Мустафо Назаров, муовини командири бригадаи десантии қисми низомии Вазорати мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ ва майор Насим Юсупов, нозири калони раёсати молия ва буҷаи Вазоратро ном бурда гуфт, қаблан аз ин амалиёт огоҳӣ дошта, вале мақомотро огоҳ накардаанд.
Ба иттилои ВУД, шарикони "Ҳоҷӣ Ҳалим" шаби 3 ба 4 сентябр дар хонаи Сироҷиидин Одинаев, маъруф ба "Ҳоҷӣ Сироҷ", собиқ корманди Вазорати дифоъ, дар кӯчаи Сари Осиёи Душанбе ҷамъ омада, фармоиши "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро интизор будаанд. Ба гуфтаи манбаъ, "Ҳоҷӣ Сироҷ" ҳамчун хазинадори гуруҳ будааст, ки ҳар моҳ ба ҳар узви он 100 долларӣ ва маводи ғизоӣ медодааст.
Подполковник Мустафо Назаров , муовини командири бригадаи десантии Вазорат, ки ҳамчун узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" муаррифӣ мешавад, иқрор кардааст, аз нақшаҳо огоҳ буд ва хато кардааст, ки саривақт ба мақомоти амнияту умури дохилӣ хабар надодааст: “Шаби 3 ба 4 сентябр вақте маро фарёд карданду он ҷо рафтам, хато кардам, ки ба кормандони Кумитаи амнияту Вазорати умури дохилӣ хабар надодам”.
Майор Насим Юсупов низ изҳор медорад, ки “аз гапҳояшон фаҳмидам, ки мақсадашон ҳуҷум ё задани ягон ҷо аст. Гуфтанд, рав яроқ гир, бе ягон имзогузорӣ яроқ тақсим мекарданд, ман ҳам яроқ гирифтаму дар фикри гурехтан аз байни онҳо шудам”.
Дар қатори боздоштшудаҳо инчунин Одилбек Аюбов соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе ва Хуршед Холиқов сокини 39-солаи Душанбе, муҳофизони генерал "Ҳоҷӣ Ҳалим" гуфта шуданд.
Файзулло Абдуллоев, ки узви дигари гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" муаррифӣ мешавад, дар гузориши видеоии таҳиякардаи ВКД дар мавриди бархӯрдаш бо кормандони “ОМОН” гуфт, “онҳо гуфтанд, аз “ОМОН”-ем шумо аз куҷоед? Мо гуфтем, “СПЕСНАЗ”-и Миноборона, ки дар ин миён чанд секунд пас перестрелка сар шуд. Ман ҳам ростӣ ду се тир задам, намедонам, расид ё на”.
Абдуллоев, ки дар итоат накардан ба кормандони милиса ва оташкушоӣ ба сӯи онҳо айбдор мешавад, амали "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро хиёнат арзёбӣ карда, таъкид намуд, рафиқону одамони атрофашро подставит кард: “Кори кардааш ҳам хиёнат ҳам подставиткунии ҳамаи рафиқону бачаҳои гирду атрофаш аст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан амалиёт алайҳи гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар дараи Ромит идома дорад. Қаблан ин ниҳод теъдоди ҳамроҳони фироркардаи собиқ муовини вазири мудофиаро дар Ромит 7-8 нафар арзёбӣ кард. Аммо 6 сентябр хабар дод, зимни амалиёт дар Ромит 4 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" кушта, 7 нафари дигар боздошт шуданд, ки дар маҷмӯъ 11 нафарро ташкил медиҳад. ВКД мегӯяд, феълан амалиёти муштараки ин ниҳод ва КДАМ дар Ромит идома дорад.
ВИДЕОИ ГУЗОРИШИ ВУД дар бораи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим