Азизи НАҚИБЗОД
Ҳамин идеологҳое, ки аз сулҳу ваҳдат ҳарф мезаданду мардумро ба ягонагӣ даъват менамуданд, оҳиста-оҳиста мардуми кишварро вобаста ба ақида ва ҳатто имрӯз аз рӯи зоҳир ба гӯрӯҳҳо доранд қисмат мекунанд.
Ин ки гуфтанду мегӯянд замони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз айёми Шӯравӣ бештар рушд карда, борҳо шунидаем. Ҳатто ин суханонро академикҳои тоҷик ҳам боре гуфтанд. Аммо ин ҳарфҳое буд, бидуни арқоми мушаххас ва далелҳои ҷиддӣ. Дар асл ҳама медонанд, ки таи ду даҳсола дар ҳич бахше мо ба сатҳи замони Шӯравӣ нарасидаем. Онҳое ки ба андешаи мо зид ҳастанд, лутфан як бор ба сатҳи истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзии охири солҳои 80 назар андозанд ва далелу арқоми ун замонро ба ин рӯзгор қиёс намоянд. Дигар дақиқан муқоисанашаванда будани оморро дарк хоҳанд кард. Ба замми ин вазъи буҳронии кунунии кишвар бори дигар тасдиқ намуд, ки иқтисоди ҷумҳурӣ бар болои маблағҳои муҳоҷирон истода буда ва ҳоло ки Русия гирифтори буҳрон шуд, Тоҷикистон ҳам ба гирдоби бӯҳрон ғарқ гардид.
Аммо дар ин хусус инҷо иктифо мекунем. Аз хусуси идеология ва идеологҳои ҳукумати Тоҷикстон ҳарф мезанем. Идеологҳои ҳукумат солҳои охир кӯшиш ба харҷ доданд, ки чеҳраи ҲНИТ ва аъзоёни ин ҳизбро ба мардум мағшуш нишон диҳанд. Кор то ҷое расид, ки Вазорати адлия фаъолияти ин ҳизбро ғайриқонунӣ эълон намояд ва мақомот ба дари қароргоҳаш қуфл зананд. Ва дур нест рӯзе, ки Суди олӣ ҳам фаъолияти ҳизби номбурдаро мамнуъ эълон кунад. Ва ҳоло мақолаҳое ҳам дар расонаҳои ҳукуматӣ нашр мешаванд, ки аз фаъолияти комунистон интиқод менамоянд. Дигар аз рӯи воқеиятҳои Тоҷикистон таҳлил намоед, маълум аст, ки пас аз ҲНИТ навбати ҲКТ хоҳад расид.
Аммо онҳое, ки аз сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон тавсиф мекунанд, чун далеле барои аз пешрафтҳои иқтисодӣ дар ин замон гуфтан наметавонанд, ҳамеша аз он гуфтаанду мегӯянд, ки Раҳмон бо мухолифон сулҳ кард. Миллатро сарҷамъ намуд ва ба ваҳдат расонд. Ва ваҷҳи Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони олии Қаҳрамони миллат сазовор донистан ва сарафроз намуданашон ҳам ҳамин буд.
Воқеан ҳам агар таърихи дирӯзаро фаромуш накардаем, пас аз созишномаи сулҳ фазои Тоҷикистон ба самти мусбат тағйир карда буд. Дар ҳақиқат мардум ба ҳам меомаданд. Миллати тоҷик ягонагиро бар парокандагӣ тарҷеҳ медод. Ва дар асл ҳам барои ҳар як шаҳрванд аз оромию осудагии кишвар болотар орзуе вуҷуд дошта наметавонад. Аммо, ҳамин идеологҳое, ки аз сулҳу ваҳдат ҳарф мезаданду мардумро ба ягонагӣ даъват менамуданд, оҳиста-оҳиста мардуми кишварро вобаста ба ақида ва ҳатто имрӯз аз рӯи зоҳир ба гӯрӯҳҳо доранд қисмат мекунанд.
Воқеият ин аст, ки имрӯз Муҳиддин Кабирӣ раис ва лидери ҲНИТ гуреза аст. Ва маълум нест, ки чи қадар аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб дар натиҷаи фишор дар оянда гуреза хоҳанд шуд. Ман дар дарки мантиқи иқдомоти ахири ҳукмат ва иделогҳояш мушкил мекашам. Агар ин иқдомро амале дуруст шуморем, ҳарфи ваҳдат чӣ мешавад? Агар онҳоро ба рӯзе расонем, ки гуреза бишаванд, гурезаҳоро ба Ватан баргардондани Раҳмон, ки далеле барои қаҳрамонияш мешуморанд, куҷо хоҳад шуд? Агар комунистонро низ ба танг орем, чӣ?
Магар намегуфтем, ки ҳамаи мо як миллатем ва зодаи як кишварем ва ҳама ҳаққи зиндагӣ кардан дар ин марзу бумро баробар дорем?
Воқеан қобили дарк нест, ки аз ин иқдомоти ваҳдатзудо идеологҳои ҳукумат чиро мехоҳанд ба даст оранд? Чун натиҷаҳои эҳтимолиаш халалдор сохтани ваҳдати миллат ва ба шубҳа бурдани қаҳрамонии раисиҷумҳур метавонад бошад.
Бознашр аз ҳафтаномаи “Озодагон”, №34 (390) 02 сентябри 2015