Ҷавоби Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба огоҳиномаи Вазорати адлия
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Анҷумани 12-уми худро, ки қарор буд, 15 сентябри соли равон баргузор шаваду яке аз мавзуъҳои меҳварии он интихоби раиси нави ин ҳизб буд, ба вақти дигар гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар ҷаласаи рӯзи 4 сентябри худ ба ин қарор омадааст, “вобаста ба ҳаводиси ахиран дар кишвар рӯхдода, ҳамчунин таҳдиду фишорҳои рӯзафзун болои бахшу шӯъбаҳои ҲНИТ дар маҳалҳо ва инчунин бо қарори Суди иқтисоди шаҳри Душанбе баста шудани қароргоҳии марказии ҳизб баргузории анҷумани навбатӣ ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд”.
Манбаъ дар бораи санаи нави баргузории Анҷумани ҲНИТ чизе нагуфтааст. Дар ҳоле ки Шӯрои сиёсии ин ҳизб санаи баргузории онро бо қабули як қарор 15 сентябри соли равон таъйин карда буд. Шӯрои сиёсии ҲНИТ инчунин ваколат ва салоҳияти Раёсати Олӣ, роҳбарият ва раиси Комиссияи тафтишотӣ, инчунин салоҳияти бахшу шуъбаҳои ҳизбиро то баргузории анҷумани оянда тамдид карда, дар ин бора расман бо ирсоли номае ба Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 28 августи соли равон Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ҲНИТ аз қатъи фаъолияти бахшу шуъбаҳои он дар 58 шаҳру навоҳии кишвар хабар дода, бо зикри ин ки ин ҳизб дигар “ҳизби ҷумҳурявӣ” нест, даҳ рӯз муҳлат дод, то фаъолияти худро қатъ кунад. Аммо Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар номаи ҷавобии худ ба Вазорати адлия таъкид кардааст: “Вазорат нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҳизбро аз 58 шаҳру ноҳияи ҶТ оид ба қатъи фаъолият дастрас намудааст ва гӯё нусхаи аслии онҳо ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол шуда бошад, ки ин гуфта дур аз воқеъият мебошад. Протоколҳои мазкур ҳама сохтаи мақомоти интизомӣ ва иҷроияи маҳаллӣ буда, бо роҳи фишор, таҳдид ва ҳатто "лату кӯби аъзо ва масъулини ҳизб" таҳия шудаанд ва ин мақомот протоколҳоро ба вазорат ирсол намудаанд. Мувофиқи моддаи 8-и Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" "сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ тибқи тартибе, ки Оинномаи ҳизби сиёсӣ муқаррар менамояд,таъсис дода мешаванд”. Бар асоси банди 4.6-и Оинномаи ҲНИТ, ки аз тарафи вазорати мазкур тасдиқ карда шудааст, танҳо "Раёсати Олии ҳизб ваколат дорад, сохторҳои ҳизбӣ ва ниҳодҳои заруриро таъсис ва барҳамдиҳад". Бинобар ин протоколҳои мазкур эътибори ҳуқуқӣ надоранд ва даъвои вазорат барои баррасии онҳо аз тарафи Раёсати Олии ҳизб бепоя мебошад.”
Ин шӯро таъкид кардааст, фаъолияти бахшу шуъбаҳои ҲНИТ, ки Вазорати адлия аз қатъи фаъолияти он хабар дод, беасос буда, фаъолияти ҳизб мунтазам дар шаҳру навоҳии кишвар идома дораду ба мақомоти болоии ҳизб гузоришҳои хаттӣ ва санадҳои дохилиҳизбӣ фиристода мешаванд: “Дар сурати зарур шуморидани Вазорати адлияи ҶТ, мақомоти ҲНИТ омода аст, ки ин санадҳоро дар ихтиёри онҳо вогузор намояд. Қатъииҷбориисохторҳоимаҳаллӣаз тарафи мақомот ва гузориш дар ин бобат ба вазорат ғайриқонунӣ ва дур аз воқеъият мебошад”.
Таъхир дар санаи баргузории Анҷумани 12-уми ҲНИТ замоне сурат мегирад, ки Додгоҳи иқтисодии Душанбе шоми 24 авгуи соли равон дар асоси пешниҳоду тавсияи Додситонии кулли кишвар ба дари қароргоҳи марказии ҲНИТ, воқеъ дар кӯчаи Борбад-1 муҳр задааст.