Даргузашти Умар Бобоҷонов, донишҷӯи "латту кӯбшуда барои риш"
Умар Бобоҷонов, донишҷӯи 23-солаи Донишгоҳи Санкт Петербург, ки ба иддаои наздиконаш барои риш аз сӯи кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат латту кӯб шудааст, даргузашт.
Дар ин бора манобеи “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки ҷанозаи Бобоҷонов пеш аз зуҳри имрӯз, 5-уми сентябр дар гуристони “Қипчоқ” ба хок супорида шуд.
Қаблан Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар ба “Озодагон” гуфт, мехоҳад афроде, ки дар латту кӯби писараш даст доранд, дар чорчуби қонун ҷазо бигиранд. Наздикони Умар Бобоҷонов иттилоъ доданд, ки ӯ шоми 28 август аз сӯи кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат барои ришаш мавриди латту кӯб қарор гирифта, баъдан дар ҳолати беҳушӣ дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Ваҳдат бистарӣ шудааст.
Дар робита ба ин қазия бо дастури вазири корҳои дохилӣ гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуда, ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.