Созишномаи “СВОП” имзо шуд. Тоҷикистон ним миллиард доллар мегирад
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин созиномаи “СВОП”-ро имзо карданд, ки бар пояи он тоҷирону соҳибкорони тоҷик метавонанд мустақиман пули сомониро бо юани Чин иваз карда, аз он кишвар молу маҳсулот ворид созанд.
Абдуғафор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии кишвар имрӯз, 4 сентябр ба “Озодагон” гуфт, муҳлати созишнома 3 солро дар бар гирифта, зери он Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Жоу Шиаогуан, раиси Бонки мардумии Хитой имзо гузоштаанд.
Бар асоси созишномаи мазкур Чин давоми се соли оянда ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард юан, муодили қариб 500 миллион доллар медиҳад. Оқои Қурбонов мегӯяд, мақсад аз имзои созишнома тавсеаи ҳамкориҳо миёни ин ду ниҳоди молӣ ва роҳат кардани фаъолияти тоҷирон мебошад.
Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар сурати тасвиби созишномаи “СВОП” табодули сомонӣ бо юани чинӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Бо амалӣ гардидани созишномаи “СВОП”, ки як навъ табодули асъорӣ миёни бонкҳо ба муддати муайян гуфта мешавад, дар назар аст, харидории доллари амрикоӣ аз ҷониби тоҷирони тоҷик, ки асосан аз Чин молу маҳсулот ворид мекунанд, коҳиш ёбад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти нимсолаи ниҳодаш гуфта буд, дар сурати ҷалби юан аз Чин ба Тоҷикистон бо усули “СВОП” тоҷирони тоҷик дар кишвар сомониро бо юан иваз карда, аз Чин бо асъори миллии ин кишвар метавонанд мол харидорӣ намуда, ба кишвар ворид намоянд.
Соҳибкорону тоҷирони тоҷик аз кишвар доллар харидорӣ намуда, онро дар бонкҳои Чин бо юан иваз мекунанд ва пасон маҳсулоти мавриди ниёзи худро харидорӣ мекунанд.