Интерпол Ҳумоюни 19-соларо ба иттиҳоми муздурӣ ҷустуҷӯ дорад
Пулиси байналмилал ё Интерпол мегӯяд, Ҳумоюн Ҷумаев - ҷавони 19-сола аз Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад.
Тибқи иттилои торнамои расмии Интерпол, Ҳумоюн Ҷумаев бо дархости мақомоти тоҷик мавриди кофтукоби ҷиноӣ қарор гирифта, дар амалҳои муздурӣ ё иштирок дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ муттаҳам мешавад. Ин шаҳрванди Тоҷикистон соли 1996 ба дунё омада, зодаи вилояти Хатлон мебошад.
Қаблан ҳам Интерпол номи Бахтовар Ҷӯрақулов, ҷавони 19-сола аз ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистонро ба руйхати афроди дар ҷустуҷӯ буда қарор дод. Ин ниҳоди байналмилалӣ гуфт, Ҷурақулов ҳам дар дар амалҳои муздурӣ айбдор мешавад.
Ҷустуҷӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути пулиси байналмилал ба иттиҳоми муздурӣ дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ ҳоло беш аз 500 ҷавони тоҷик дар саффи гуруҳои террористӣ ҳузур доранд ва то ҳол волидайни беш аз 100 тани онҳо хабари марги фарзанди худро дарёфт кардаанд.