Спитамен: Парвандаи ҷиноӣ барои арӯсии духтари ба синни никоҳ нарасида
Дар шимоли Тоҷикистон барои шавҳар додани як духтари ба синни никоҳ нарасида нисбати падари ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, парванда дар асоси моддаи 168-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи М.М., сокини ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен рӯзи якуми сентябр ифтитоҳ шудааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ духтараш -- Ш.У., соли таваллудаш 1997-ро ба шавҳар додааст. “Ҳамчунин, алайҳи домод М.Б., сокини ҳамин ҷамоат барои дидаву дониста бо ноболиғи ҳанӯз ба синни никоҳӣ нарасида, ақди никоҳ бастан, бо моддаи 168-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад”,-афзуд манбаъ.
Қонунгузории Тоҷикистон синни никоҳро 18-солагӣ муайян кардааст.
Акс аз интернет