Боздошти ду нафар бо иттиҳоми гирифтани $100000 пора аз соҳибкор
Раёсати корҳои дохилии Суғд аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми ситонидани 100 ҳазор доллари як соҳибкори 36-сола хабар медиҳад.
Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, боздошти онҳо дар пайи аризаи соҳибкор сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, М.А., сокини шаҳри Исфара, соли таваллудаш 1979 рӯзи якуми сентябр ба Раёсати умури дохилии Суғд ариза навишта, шикоят кардааст, ки 25 июли соли ҷорӣ шаҳрвандон - К.А., соли таваллудаш 1981, сармутахассиси шӯъбаи таъминоти метрологии Маркази санҷишии минтақавии шаҳри Исфара ва Б.А., соли таваллудаш 1980, бекорчӣ бо роҳи фиреб аз ӯ 90 ҳазор доллари амрикоиро гирифтаанд.
Дар ин ариза соҳибкор гуфтааст, онҳо гуфтаанд, ки гӯиё дар ҳудуди як давлати хориҷӣ алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва агар ин миқдор маблағ бидиҳад, кумакаш хоҳанд кард: “Аммо ин шахсон бо маблағи гирифтаашон қаноатманд нашуда, якуми сентябри соли равон аз соҳибкор боз маблағи пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари амрикоӣ бо баҳонаи нисбаташ бо ариза ба ШВКД муроҷиат намудан, талаб кардаанд. Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 13:15 шаҳрвандон - К.А ва Б.А, аз сӯйи кормандони Раёсати корҳои дохилии Суғд дар ҳудуди шаҳри Исфара ҳангоми гирифтани маблағи пулии 10 ҳазор доллар дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифта шуд”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати ин ҳолат бо моддаҳои 247, қ. 4 – “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” ва 250, қ. 2 – “тамаъҷўӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.