Зокиров талаби 5 ҳазор доллар барои ҳимояи сокини Душанберо рад кард
Фахриддин Зокиров, собиқ вакили мудофеи Зайд Саидов, иттиҳоми эълоннамудаи мақомот алайҳи худро рад кардааст. Ӯ гуфтааст, иттиҳоми “тамаъҷӯи” асос надорад, чун аз касе чизе нахостааст.
Фахриддин Зокиров рӯзи 21 август аз ҷониби мақомот боздошт гардида, 15 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Вайро дар талаби 5 ҳазор доллар аз як сокини Душанбе барои ҳимояи яке аз наздиконаш гунаҳкор медонанд.
Ин дар ҳолест, ки яке аз пайвандони Фахриддин Зокиров имрӯз, 3 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “қазияе, ки мақомот дар он Зокировро айбдор мекунанд, асос надорад, чун ӯ тамоман дар парванда ширкат надошта, ҳатто ҳеч тасаввуроте дар бораи он надорад”.
Ин барои дувумин бор аст, ки Фахриддин Зокиров аз ҷониби мақомот боздошт мешавад. Бори аввал ӯ шаби 6 марти соли 2014 аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз гардид. Зокиров баъди баргузории чанд мурофиа 3 ноябри соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо шуд.