Бедаракшавии Ҷаҳонгири донишомӯз: Барои дафтару қалам рафта буд...
Ҷаҳонгир Насриддинов, донишомӯзи 15-сола аз шаҳри Душанбе чаҳор рӯз мешавад, бедарак шудааст.
Пайвандони Ҷаҳонгир дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, субҳи 31 август барои хариди дафтару китоб аз хона берун рафта, то ҳол барнагаштааст.
Ҷаҳонгир Насриддинов зода ва сокини маҳаллаи 63-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. Наздикони ӯ аз сокинони кишвар даъват доранд, агар дар бораи макони будубоши вай маълумоте доранд, бо рақамҳои 937358270 ва 901178522 тамос гиранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан волидайни Идимоҳ Давлатова, донишомӯзи синфи 2 аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҳам аз бедарак шудани фарзанди худ хабар дода буданд. Онҳо дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, Идимоҳ Давлатова рӯзи 20 июли соли равон аз назди бозори марказии ноҳияи Хуросон ғайб задааст. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, Идимоҳ Давлатова он рӯз назди модари худ ба бозор омада, ҳангоми бозгашт ба хона бедарак шудааст. Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Хуросон хабари бедарак шудани донишомӯзро тасдиқ карда, гуфт, ҷустуҷӯи ин духтарак идома дорад ва бо гузашти беш аз 40 рӯз ҳатто фарзияе низ дар мавриди куҷо будани ӯ рӯи даст надоранд.