16 ва 17 соли маҳбаси ду ҳамхидмати Абдуваҳҳоб Қаюмов
Исмоил Маҳмадёров ва Шуҳрат Ёқубов, сарбози Сараёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар куштори ҳамхидматашон – Абдуваҳҳоб Қаюмов муҷрим шинохта шуда ва мутаносибан 16 ва 17 сол равонаи зиндони низомаш шадид шуданд.
Ҳукми ин ду сарбоз имрӯз, 2 сентябр дар Додгоҳи низомии вилояти Хатлон эълон гардид. Хусрав Одинаев, прапоршики қисми низомии 2747, ки Абдуваҳҳоб хидмат мекард, барои бидуни огоҳӣ тарк кардани қисми ҳарбӣ дар рӯзи латту кӯб 2 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Ҷасади Абдуваҳҳоб Қаюмов, сокини ҳаждаҳсолаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар қисми низомии "2747", воқеъ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон адои хизмат мекард, 5 июл, баъд аз ду моҳи сарбозӣ ба волидонаш супорда шуд. Масъулини қисми низомӣ гуфта буданд, ки ӯ ҳангоми тамринҳои саҳроӣ ба ҳалокат расидааст, аммо волидонаш иддао карданд, дар пайи латту кӯби шадид ҷон супурдааст. Ба иттилои расида, Исмоил Маҳмадёров ва Шуҳрат Ёқубов чанд сарбоз, бо шумули Абдуваҳҳобро бо баҳонаи саф наоростан латту кӯб кардаанд.