«Душанбе-1» барандаи мақоми аввали мусобиқа гардид
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба карате-кёкшинкай дар байни калонсолон ва ҷавонон баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти кумитаи ҷавонон ва варзиш, дар чорабинии мазкур зиёда аз 160 варзишгар аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва варзишгарони ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд. Ғолибон ва ҷоизадорон аз рӯи ҳисоби даставӣ: дар ҷойи якум Душанбе - 1, ҷойи дуюм Душанбе -2 ва дар ҷойи сеюм дастаи вилояти Хатлон эълом шуданд. Ба ғолибон ва ҷоизадорон раиси Кумита диплом ва медалҳо тақдим намуд.{jathumbnail off}