Сипоси раиси Шӯрои корпоратсияи коркарди тиллои Чин ба Э. Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни боздидаш аз Чин бо Чэн Ҷинхэ, раиси Шӯрои директорони корпоратсияи коркарди тиллои Зиҷинг майнинг мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, дар ин вохурӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки “Зарафшон” дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Чэн Ҷинхэ аз дастгирии ҳамаҷониба ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, гуфтааст, “новобаста ба мушкилоти бӯҳронӣ корхона ояндаи наздик 2 адад полоишгоҳи нави замонавӣ бунёд намуда, дар кони Тарор истихроҷи маъданро ба роҳ мемонанд”.
“Ин корхона дар соли равон дар ҶДММ "Зарафшон" истеҳсоли маҳсулоти нав - хокаи мис ба роҳ мондаааст. Қаблан маҳсулоти мазкур дар омехтагӣ ба полоишгоҳ партофта мешуд. Оянда тибқи нақша корхонаи холискории мис низ сохта мешавад,”- афзудааст манбаъ.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳур мегӯяд, инчунин бо анҷоми Асосноккунии иқтисодию техникии кони Ҷилав ва ба истифода додани коргоҳи нави заршӯи бо иқтидори 10 000 тонна дар як шабонарӯз дар назар аст: “Бо амалӣ шудани ин лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот то соли 2016 то ба 1,5 млрд. сомонӣ хоҳад расид ва аз ин ҳисоб 500 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд. Ҳоло дар ин корхона 2260 корманд аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва 52 мутахассиси хориҷӣ фаъолият мекунанд”.
Ба иттилои манбаъ, дар соли равон корхона истеҳсоли 2800 кг тилло ва 220 кг нуқраро ба нақша гирифтааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои соли 2014 - 131,6 фоиз зиёд аст.
Корхонаи муштараки “Зарафшон”-и Чину Тоҷикистон моҳи августи соли 2007 таъсис ёфта, то ҳол аз сӯи ширкати “Зиҷинг Майнинг” дар он зиёда аз 277 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст.