Оғози мурофиаи додгоҳӣ барои матлаби “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?”
Нахустин мурофиаи додгоҳӣ дар иртибот ба шикояти КВД “Обу корези Душанбе” аз хабарнигори собиқи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” имрӯз, дуюми сентябр шурӯъ мегардад.
Корхонаи “Обу корези Душанбе” иддао дорад, Ҳасан Шокирзода, хабарнигори пешини ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар матлаби “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” далелҳои нодуруст истифода кардааст. Ин ниҳод аз додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯёнидани 30 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавиро тақозо дорад.
Матлаби “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” моҳи декабри соли 2014 нашр шуда, аз мушкили дастрасӣ ба об дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе нақл мекард, аммо КВД “Обу корези Душанбе” бо гузашти ҳашт моҳ ба додгоҳ шикоят бурд.