Тасодуф дар "Лондон": Ҳалокати муҳоҷири 23-солаи тоҷик
Расонаҳои русӣ аз ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳалли сохтмони муҷтамаи маскунии мавсум ба "Лондон" дар шаҳраки Кудровои ноҳияи Всеволожск (вилояти Ленинград) хабар додаанд.
Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба сари ин муҳоҷири ҷавон пораи бетону арматура афтидааст: “Аз ҷароҳати бардошта, сохтмончии ҷавон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, кормандони пулис ва нозирони меҳнат ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд.