Раисиҷумҳур хостори ҷиҳоди сартосарии мубориза бо фасод шудааст
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон дар як нишасти руҳониёни афғон аз онҳо хостааст, “ҷиҳоди сартосарии мубориза бо фасод”-ро роҳандозӣ кунанд.
Раисиҷумҳур гуфтааст, мардуми Афғонистон маҷбур шудаанд, ки дар корҳои давлатии худ миллиардҳо доллар боҷ бидиҳанд ва ин раванд ба муборизаи ҷиддӣ ва сартосарӣ ниёз дорад. Ашраф Ғанӣ дар суханрониаш изҳор дошта, дар Афғонистон “мардум ва уламо фосид нестанд, балки иддае аз мақомҳо ва қочоқбарон ҳастанд, ки шуҳрати ин мардумро ба хатар андохтаанд”.
Оқои Ғанӣ таъкид кардааст, кишварҳое, ки дар идораи он танҳо 10 дарсади афрод кор мекунанд ва 90 дарсад ба фасод олудаанд, пешрафт нахоҳад кард.
Раиси ҷумҳури Афғонистон дар идома ба масъалаи ғасби замин дар кишвараш сухан гуфта қайд кардааст, 65 дарсади хонаҳои Кобул ҳуҷҷат надоранд.