Шигифтзадагии раҳбари СААД аз меҳмоннавозии тоҷикону пешравиҳои Душанбе
Меҳмоннавозии мардуми тоҷик ва пешрафту ободиҳои ахири шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)-ро ба ваҷд овардааст.
Ин дипломати рус гуфтааст, шаҳри Душанбе тайи солҳои ахир ба ҳадде тағйир ёфта, ки дигар мешавад, аз он як қитъаи Аврупо ном гирифт. Ин суханҳоро дабири кулли СААД зимни нишасти хабарии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 31 август баён доштааст.
Бордюжа аз биноҳои қоматафрохтаи ахир дар пойтахти Тоҷикистон зиёд тавсиф карда, гуфтааст, “Душанбе рӯз аз рӯз зеботар мешавад. Ёдам ҳаст, солҳои 90-ум сари ҳар қадаме як пост буд. Аммо ҳоло онҷо тамоман дигар аст. На танҳо як минтақаи мутамаддин, балки як шаҳри аврупоии дорои қасру хонаҳои зебост. Бахусус маркази Душанбе”.
Ӯ инчунин дар идома аз самимият ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик ситоиш кардааст. Раҳбари СААД афзудааст, “дар мавриди мардуми тоҷик метавон гуфт, ки яке аз мардумони меҳрубону меҳмоннавозанд. Миёни ин мардум рафиқони зиёде дорам, ки аз замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо ҳам равобити дӯстонаву самимӣ дорему дар оянда низ хоҳем дошт”.
Ин ҳарфҳои Бордюжа дар ҳаққи мардуми тоҷику пойтахти Тоҷикистон дар ҳолест, ки ӯ рӯзи 18 августи соли равон дар доираи як сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард.