Суғд: Се ҳолати худкушӣ дар як рӯз ва шаш ҳолат дар як ҳафта
Шанбеи 29 август дар қаламрави вилояти Суғд се ҳолати даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд расидааст. Дар ин бора аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳолати аввал дар ноҳияи Айнӣ рух додааст. Марди 32-сола дар таҳхонаи манзили зисташ худро ба дор овехтааст: “Ҳамон рӯз дар шаҳри Панҷакент ҷавонзани 29-соларо наздиконаш аз оғилхона дар ҳолати овехта ёфтаанд”.
Манбаъ мегӯяд, ҳолати сеюм дар шаҳри Чкалов ба қайд гирифта шудааст: “Як ҷавони 23-сола бо роҳи овехтан худро аз ҳаёт маҳрум кардааст”.
Дар робита ба ин се ҳолат тафтишот идома дошта, сабабҳои худкушии сокинон муайян мегардад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз худкушии се тани дигар дар рӯзи 24 август хабар дода буданд: “Дар ҳудуди шаҳри Истаравшан як марди 36-сола ва ҷавонзани 28-сола ва дар ноҳияи Ашт духтари 17-сола бо роҳи худовезӣ ба ҷони худ қасд кардаанд”.