Шаҳрвандони Тоҷикистон дар "роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ" муттаҳам мешаванд
Ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
Додситонии вилояти Челябинск гуфтааст, парвандаи ҷиноӣ нисбати Алиҷон Сангов ва Мусулмон Азизов, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Додгоҳи ноҳияи Калинин ирсол кардааст. Ба иттилои манбаъ, “ҳангоми санҷиш кормандони пулис се ҳолати роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷониби ин афродро ошкор сохтаанд”.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршудаҳо шаҳрвандони дигари Тоҷикистонро ба Русия даъват карда, ба онҳо асноди тақаллубӣ медодаанд: "Ба иттилои тафтишот, муҳоҷирон фаъолияти ғайриқонунии худро декабри соли 2014 шурӯъ кардаанд. Онҳо дар кортҳои муҳоҷират дар мавриди убури марзи Русия сана ва муҳри тақаллубӣ мегузоштаанд. Бо ин ҳуҷҷатҳо шаҳрвандони хориҷӣ давоми 90 рӯз дар қаламрави Русия метавонанд ба сар баранд. Кортҳои тақаллубиро онҳо бар ивази ду ҳазор рубл ба ҳамватанҳои худ мефурухтаанд".