Салими АЮБЗОД
Ато Муҳаммадҷонов дар ҳунари нақшофарӣ чеҳраест ҳамсанги Клинт Иствуд, Шоҳрух Хон, Ал Пачино, Шон Коннерӣ, Умар Шариф, Ҷек Николсон ва дигар ситораҳои синемои ҷаҳон. Аз қазо, вай ҳамсоли Ал Пачиност. Ҳарду дар соли 1940 ба дунё омадаанд, вале агар дувумӣ муҳите дошт, ки ба тамоми тавонмандиҳои ӯ роҳи фарох боз намуд, истеъдоди дурахшону худододи аввалӣ дар фазои тангу гирифтае ношукуфта хор гашт.
Агар барои Пачино ё Коннерӣ ба гунаи вижа филмнома навишта мешуд ва онҳо дар як сол 5-6 нақш мебозиданду миллионҳо доллар мегирифтанд, Аторо аҳёнан ба филме даъват мекарданд ва бино бар андозаҳои ғарбӣ дар фақру нодорӣ ба сар мебурд. Аммо дар ҳунар Ато Муҳаммадҷонов аз онҳо камие надошт.
СИТОРАИ БЕДИПЛОМ
Зиндагии Ато ҳамчун ҳунарпеша дар ғояти тангдастӣ сар шуда, ҳамон гуна дар як давраи душвор бо баҳои ҷонаш ба поён расид. Мактабхон буд, ки аз падар монд ва маҷбур шуд, таҳсилро канор гузошта, сарпарастии хонаводаро бар дӯш гирад. Ягона умедаш дарёфти коре дар театр буд, чун ҳанӯз он вақт дар маҳфили театрии Кохи пешоҳангони Душанбе нақшофарӣ мекард ва на танҳо омӯзгорону хонандагон, балки бозигарони Театри Лоҳутӣ зарфиятҳои ӯро шинохта буданд.
“Бо театр робита доштам, ҳамаи намоишҳоро медидам ва ба ғайр аз ин ҳамроҳи Фаррух ва Хуррам аз ин ҷо барои маҳфили мактабӣ сарулибоси қаҳрамонҳои худро қарз мегирифтем,”— гуфта буд дар як сӯҳбат, ки бо ӯ дар соли 1984 анҷом дода будам. Фаррух ва Хуррам Қосимовҳо – писарони ҳунарпешаи машҳур, раҳбари Театри Лоҳутӣ Муҳаммадҷон Қосимов дертар ҳамроҳи Ато ба бозигарони саршиноси ин даргоҳ табдил меёбанд.
Аммо Муҳаммадҷон Қосимов шояд аз нахустин афроди сарнавиштсоз буд, ки ё истеъдоди Аторо шинохт, ё ба ҳоли хонаводаи ӯ раҳм кард, ба ҳар тартиб, ин писарбачаи сездаҳсоларо ба саҳна роҳ дод. Барои ширкат дар саҳнаҳои умумӣ ва дертар бозидани нақши наврасон.
Ато ба мактаб барнагашт ва театрро мактаби худ қарор дод. Устодонаш — Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Ефим Миттелман, Маҳмудҷон Воҳидов, Бурҳон Раҷабов… баъдан онҳое, ки донишгоҳҳои Маскаву Тошкандро хатм кардаву ба театр омаданд.
Надоштани ҳуҷҷати хатми мактаби миёна ё Номаи Камол баъдан барои ҳунарпешаи ҷавон мушкилеро пеш овард, ки тамоми умр ӯро дунбол мекард. Талоши таҳсил дар Донишгоҳи театрии Тошканд ба нокомӣ анҷомид, чун баҳона пеш оварданд, ки Ато Номаи Камол надорад. Ваъдаи ӯ, ки дар мактаби шабона хоҳад хонд ва санади норасоро такмил хоҳад кард, касеро қаноат надод. Ин боис шуд, ки ҳамеша Ато Муҳаммадҷоновро таъна зананд, ки илми олӣ надорад, донишгоҳи бозигариро нагузаштааст. Вале истеъдоди модарзоди ӯ ва донишгоҳи бузургони театр, зиёдтар аз ҳама чизҳое, ки аз Маҳмуди Воҳид омӯхт, барояш кофӣ буданд, ки беҳтарин нақшҳоро офарад. Ӯ монанди гули худрӯе буд, ки дар боғчаи гулҳои рангоранг сар ба осмон кашид ва аз ҳар гуле рангу бӯй гирифт, реша ба обшорон бурд ва борҳо хазон гашту аз нав сабзид.
МӮЪҶИЗАИ АТО
Намоёнтарин вижагии Ато Муҳаммадҷонов шаҳомату салобати шодоби ӯ буд, ки аз умқи ботинаш меомад. Ин як шукӯҳи сохта набуд, балки он қадар табиӣ ва шинам намудор мешуд, ки монанди нур аз симои ӯ таҷаллӣ меёфт. Ҳар кас метавонист ин шаҳоматро бинад. На танҳо бинад, балки ҳис кунад ва ба он ҷазб шавад. Ҷозибаи Ато чизе буд, ки танҳо ӯ дошт.
Яке аз дӯстдорони театр дар он солҳо дар “Адабиёт ва санъат” навишта буд, ки агар ин шом дар театр тамоми намоиш фақат аз он иборат бошад, ки Ато Муҳаммадҷонов рӯйи саҳна ояд ва хомӯш биистад, чанд соате, ки бошад, вай то охир дар толор хоҳад нишаст. Ман бовар дорам, ки ҳатман чунин хоҳад шуд, зеро Ато тани танҳо метавонист, саҳнаро пур кунад ва сукути ӯ метавонист, ин қадар маънию мазмун дошта бошад, ки кас соатҳо ба ӯ нигарад ва соатҳое достонҳоеро бубинаду бишнавад.
Дар “Алломаи Адҳам ва дигарон”, намоише бар пояи навиштаи устод Сотим Улуғзода аз сарнавишти Аҳмади Дониш, вақте Ато ба саҳна мебарояд, дафъатан ҳолу ҳавои саҳна иваз мешавад. Вақте ӯ нигоҳ мекунад, аз чашмонаш, аз тарзи истоданаш, аз камтарин ҳаракаташ мавҷҳои ноаёни барқомез то ба охири курсиҳои толор мерасанд ва ҳеч бинандаеро ором намегузоранд. Вақте садои гӯшнавози ӯ баланд мешавад, ин торҳои барқ гӯё дигар ба умқи вуҷуди бинанда мераванд ва аз банди дили ӯ мегиранд. Ман инро мӯъҷизаи Ато меномам.
Дар ҳамон сӯҳбати мо дар пардозхонааш дар соли 1984 аз ӯ пурсидам, дар чунин лаҳзаҳо худи ӯ чӣ кор мекард, чӣ эҳсосоте дошт ва чӣ гуна муваффақ мешуд, толорро ба хурӯш орад? Гуфт: “Пеш аз он ки рӯйи саҳна оям, соатҳо омода мешавам, рӯҳан ба даврон ва муҳити Аллома меравам, ба ҷисми ӯ медароям. Ман дарк мекунам, ки бояд ӯ бошам. Бе ягон сохтакорӣ ё дурӯғ ё камию костӣ. Медонам, ки хурдтарин камомади ман метавонад, ҳама чиро баҳам занад. Лекин ин ҳолатро дар саҳна дурудароз нигоҳ доштан бисёр вазнин аст, чунки ман ба худам фишор меоварам. Фишори сахт. Сакта кардан мумкин аст. Ман, агар мушоҳида карда бошед, се дафъа ба ақиби саҳна меравам ва рӯям ба тарафи тамошобин нест. Чанд сония ҳамин хел аст. Чаро? Барои он ки ман худамро бозмедорам. Ман худдорӣ мекунам. Худамро бармегардонам, чунки ҳолам бисёр вазнин мешавад. Як хатте он ҷо ҳаст, ки ман мефаҳмам, набояд аз он хат гузарам. Мумкин дилам кафад, мумкин аз бозидан монам, мумкин “провал” кунам. Ин се лаҳза барои ҳамин даркор аст, ки ман каме фишорро камтар кунам. Ба фикрам, ҳақиқатан ҳам дар ин чанд ҷои намоиш фишорам баланд мешавад, вазъам бад мешавад ва маҷбурам лаҳзае ист кунам, ҳама чиро фурӯ шинонам, то ин ки бозиро идома диҳам.”
Яке аз лаҳзаҳои, агар чунин гуфтан мумкин бошад, “мудҳиш”-и ин намоиш пайтест, ки Аллома фиғон мекашад: “Ман танҳоям! Ман танҳоям! Ман танҳоям!” Ва мушт ба сари худ мезанад. Ҳар бинандае, ки ин лаҳзаро дидааст, якумр онро фаромӯш намекунад. Боре ман дар курсии дувум, хеле наздик ба саҳна нишаста будам ва дидам, ки Ато дар ин лаҳза мегирист. Оби дидааш зиёд намудор намешуд, вале маълум буд, ки мегирист. Шояд на ҳамчун Аллома мегирист, балки ҳамчун Ато Муҳаммадҷонов. Аҷиб буд, ки гоҳе оҳанги фиғони пурдарди ӯ бароям на мисли таъкид, балки монанди пурсиш садо медод: “Ман танҳоям!?” Вале дар он мусоҳиба Ато ин гумони маро тасдиқ накард.
Аҳмади Дониш фозили танҳо дар ҷомеаи ҷоҳил буд. Аммо Ато оё дар зиндагияш танҳо буд? “Баъд аз марги фоҷиавии Маҳмудҷон ҳақиқатан ҳам танҳоиро дарк кардам. Ман ӯро дӯст медоштам. Маҳмуд бароям як олам буд ва вақте ки вай рафт, гӯё олам аз ман рафт. Як олам…”
Шаҳомати Ато аз дардҳояш ва зеҳни пуркору андешмандаш бармеомад. Марги ногаҳонӣ ва муфоҷои Маҳмуди Воҳид дар Бағдод, шебу фарозҳои зиндагии оилавӣ, рақобати носолими байни ҳунарпешагон, таънаҳои “бемактабӣ”, орзуҳои нокоми бозидани нақшҳои бузург, зоҳиран аз дардҳои ӯ буданд. Вале худро хушбахт медонист ва шод буд, ки аз мактаби Маҳмуди Воҳид гузаштаасту дӯстони ҷоние монанди Фаррух Қосимов ва Раҷаб Ҳусейнов дорад. Дӯстоне, ки дар ягон ҳолат ӯро танҳо намегузоранд ва дӯстоне, ки ҳамроҳи онҳо аз Маҳмуди Воҳид паёму роҳнамоӣ гирифааст.
ПАЁМҲОИ АТО
Пеш аз “Аллома” буд ё баъд аз он, аз бозии Ато дар “Тӯдаи риёкорон”, ки равоншод Фаррух Қосимов рӯйи саҳнаи Театри Лоҳутӣ оварда буд, лаззат бурда будам. Ба саҳна овардани намоишномаи манъшудаи Михаил Булгаков худ як корнамоӣ буд. Мақомоти давлатӣ тамоми корро карданд, ки ин намоиш дер напояд. Онҳо мегуфтанд, чӣ гуна пйесае, ки дар Маскав манъ шудааст, дар Душанбе рӯйи саҳна меояд? Ҳарчанд намоиш ду бор — дар солҳои 1931 ва 1936 манъ шуда буд, соли 1973 Театри ба номи Горкийи Маскав онро ба саҳна гузошт.
Номи дигари намоиш “Молйер” буд ва дар он Булгаков бархӯрди ҳунар бо сиёсат, ҳунарманд бо раҳбарро нишон медиҳад. Корномаи Фаррух Қосимов идомаи талошҳои худшиносие буд, ки Маҳмуди Воҳид бо намоишҳо бар пояи рубоиҳои Умари Хайём ва ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ оғоз бахшида буд. Ҳукумати вақт ҳама гуна талошҳои худшиносӣ ва ифтихори миллиро нишонаи миллатгароӣ медонист ва аз сӯи дигар бархӯрди он ба ҳунар ва театр нописандона ва сабуксарона буд.
Булгаков дар “Тӯдаи риёкорон”, аз ҷумла баҳси худашро бо раҳбари кишвар Иосиф Сталин пардапӯшона ҷой додааст. Ҳамон солҳо буд, ки ҳунарпешагони тоҷик аз фишори густардаи давлат ба устод Сотим Улуғзода барои фирори писараш ба Ғарб огоҳ буданд ва ҳам аз баҳси ӯ бо раҳбари вақт Қаҳҳор Маҳкамов. Вақте Маҳкамов намоишномаи Улуғзодаро дар шӯрои бадеии театр ва вазорати фарҳанг ба иллати дар он ҷой доштани симои шоҳи Сомониён танқид кард ва посухи нависандаи бузург ба ӯ сахт расид, Улуғзодаро “хам” (бетарбият) номид. Барои бозигарон намунаи ҷасорат буд, ки Улуғзода дар ҷавоб худи Маҳкамовро “хам” унвон кард: “От хама и слышу!”
Дар “Тӯдаи риёкорон” Ато нақши шоҳ Людовикро мебозад ва Фаррух нақши Молйер – драмнавис ва бозигари театр. Дар ин намоиш на танҳо низои байни ҳунар ва диктатура, балки фазои ҷомеаи ҳунарии кишвар низ бозтоб ёфтанд. Молйери Қосимов дар баъзе лаҳзаҳо Маҳмуди Воҳид ва Сотим Улуғзодаро ба хотир меовард.
Ато ва Фаррух дар қатори чандин ҳунарманди дигар шогирдони мактаби Маҳмуди Воҳид буданд ва зимни офринишҳои худ роҳи ӯро давом медоданд. Онҳо бозии андешмандона ва боумқро дар ҷойи аввал мегузоштанд. Дар он ягона мусоҳибаи Ато Муҳаммадҷонов бо банда вай гуфта буд: “Бозии ман бояд маъниҳои чуқур дошта бошад ва фикру мулоҳизаеро ба дигарон расонад. Ба тарзе расонад, ки дар ёди онҳо монад. Ҳама чизи дигар аз ҳамин ҷо сарчашма мегиранд. Инро Маҳмуд мегуфт. Маҳмуд моро ёд медод. Аз ӯ мепурсидем. Вале ҳоло аз донишмандоне мепурсем, ки медонанд. Аз китобҳои хуб…”
Вақте ки коргардони узбакистонӣ Илёр Эшмуҳаммадов Аторо барои офаридани нақши амири Хуросон Нӯҳ ибни Мансурро дар филми “Наврасии нобиға” даъват кард, Ато чандин рӯз пайиҳам меҳмони Улуғзода шуд. “Беҳтар аз устод Улуғзода касе наметавонист, ин нақшро ба ман фаҳмонад. Албатта, дертар бо донишманди маъруф Нӯъмон Неъматов ҳам чанд бор ҳамсӯҳбат шудам, аммо чизе ки устод Улуғзода ба ман гуфтанд, сарнавишти на танҳо ин нақш, балки умуман филмро ҳал кард.”
Ато ба Илёр ризоият дод, вале талабҳои худро пеш гузошт. Ҳарчанд филм дар бораи наврасии Бӯалии Сино буд ва аз рӯйи филмнома шоҳи Сомониён танҳо чанд бор мебоист зоҳир мегашту ҷойгоҳи ночиз дошт (ҳатман нафрати низоми шӯравӣ ба шоҳони гузашта таъсиргузор буд), нақши Ато васеътар гашт ва сарнавишти давлати Сомониён, ки сабаби фирору ғурбати Сино будааст, аз пасманзари филм ба меҳвари он табдил ёфт. Ҳарчанд зиддияти байни шоҳону раъият, ҳамчун як зиддияти синфии ақидаи марксистӣ ҳифз шуд, ишораҳои “шоҳи одил” ба филмнома ворид гашт. “Охир Сомониён барои Сино шароит фароҳам оварданд, ки аз китобхонаи шоҳона истифода кунад, ба табобат ва ҷарроҳиҳо машғул гардад, агар ҳимояти шоҳони сомонӣ намебуд, Сино шояд Сино намешуд, албатта, ин ҳимоят замоне мумкин шуд, ки Синои наврас шоҳро табобат кард, ба вай шифо овард. Ҳамту худ ба худ нашудааст, вале боз ҳам агар он подшоҳон ҷоҳил мебуданд, баъд аз табобат табибро сар мезаданд ё аз сари манор поён мепартофтанд,” – мегӯяд Ато. Ин ақида, ки ҳатман ба воситаи Ато аз Улуғзода ба филмнома кӯчид, ҳатто сӯҳбатҳои шоҳро тағйир дод. Дар ҷое Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ намегузорад, ки Сино ба ӯ таъзим кунад ва мегӯяд: “То замоне ки ман ба ин сарзамин подшоҳӣ мекунам, ягон шоир ё олим набояд дар назди давлатдор сар хам кунад.” Бешак, бӯе аз Улуғзода меояд.
Коре ки Ато бо филмнома кард, сабаб гашт, ки филми “Наврасии нобиға” тавлиди муштараки Узбакистону Тоҷикистон шумурда шавад, ҳарчанд “Тоҷикфилм” барои он маблағе харҷ накардааст, ба ҷуз аз додани ганҷинаи худ – Ато Муҳаммадҷонов. Филми мазкур дар соли 1984 барандаи Ҷоизаи давлатии СССР шуд. Аторо аз Тоҷикистон дида, дар Узбакистон бештар қадрдонӣ мекарданд ва борҳо барояш калиди хонаи сеҳуҷрагӣ дар маркази Тошкандро оварда буданд, то барои ҳамеша ба Узбакистон бикӯчад. Аммо ӯ ҳамеша ин пешниҳодро рад кардааст. Зодаи Душанбе, Тоҷикистони кӯчаки худро дӯст медошт ва ҳам Театри Лоҳутиро. Ин дуро ҳаргиз тарк накард.
МАРГЕ НОБАҲАНГОМ
Марги бузургони мо дар ду даҳаи охир, қариб ҳамеша мармуз, нобаҳангом ва гурезпазир будааст. Шояд ҳамеша чунин буд ва ҳамеша чунин хоҳад монд, аммо даргузашти Ато Муҳаммадҷонов ва чанд сол пеш аз он сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ҳарду дар як рӯз иттифоқ афтоданд ва беш аз як тасодуфанд.
Шоҳидони марги Ато дар Истаравшан дар соли 2002 мегӯянд, вай 7 сентябр ҳангоми машқ барои иҷрои нақши Куруши Кабир дар намоиши мутантани ҳукуматӣ ба муносибати Рӯзи истиқлол ва ҷашни 2500-солагии Истаравшан аз асп афтод. Ҳарчанд сахт зарб дида буд, сир бой надод ва хост, тамринро идома диҳад. Аммо рӯз ба рӯз ҳолаш бад шуд ва 9 сентябр, дар рӯзи ҷашн даргузашт. Пизишкон мегӯянд, лакаи хун дар қишри мағзаш сабаби марг шуд. Онҳо мегӯянд, имкони наҷоти Ато Муҳаммадҷонов вуҷуд дошт, агар ӯро дафъатан ба бемористон мебурданд, муоина ва ҷарроҳӣ мекарданд. Вале, зоҳиран, ҳама дар тапу талоши баргузории ҷашн буданд ва ҳунарпешаи захмӣ дигар барояшон даркор набуд.
Қадрношиносӣ чизе буд, ки тамоми умраш Аторо дунбол мекард. Нисбати ӯ онҳое нописандӣ мекарданд, ки чӣ будани ҳунар ва ҳунармандро намедонистанд, вале сарнавишти ҳунар ва ҳунармандро ҳал мекарданд. Ягона унвони давлатии ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро ба ӯ танҳо замоне доданд, ки вай барои нақши шоҳ Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ барандаи Ҷоизаи давлатии СССР шуд, он ҳам бо пешниҳоди ҳукумати Узбакистон. Вагарна ҳанӯз танҳо барои нақши Аҳмади Дониш сазовори ин номи фахрӣ шуда буд. Аз ӯ ҳамчунин нақшофарии мӯъҷиазосо дар филмҳои “Асрори оила” ва “Дарвеши ланг”- и Валерий Аҳадов, “Падари маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров ба ганҷинаи тилоӣ ворид мешавад. Ҳарчанд дар як қатор филмҳои дигар бозидааст, ин нақшҳо паҳное надоштаанд, ки бузургии ӯро ҳамчун як ситораи синемо ба намоиш гузоранд.
Шояд ин ташбеҳ ноҷоиз аст, вале ҳамсоли ӯ Ал Пачино дар ин муддат дар 80 филм нақш офарид, ки беҳтарини онҳо “Падархудо”, “Сездаҳи Оушн”, “Дарунӣ”, “Саломея”, “88 дақиқа”, “Денӣ Коллинз” буда, соли оянда “Он сӯи дурӯғ” ва соли 2017 “Дом” ба намоиш хоҳанд даромад. Пачино дар ин муддат соҳиби моликияте шуд, ки ҳаҷми холиси он 145 миллион долларро ташкил медиҳад. Мебоист, дар 60-солагияш ба ӯ як хона тӯҳфа мекарданд, аммо аҳли хонаводааш аз ин хабаре надоранд. Хонаи охираташ то соли 2006 беном буд. Тӯдаи хоке дар оромгоҳи Лучоб, ки маълум набуд, гӯри кист…