Марди 68-сола дар куштори ҷавони 25-сола муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 68-сола хабар медиҳад, ки дар куштори ҷавони 25-сола муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар пайи як амалиёт, марди 68-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки пеш бо моддаи 138 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор дастгир шудааст: «Гумонбаршуда рӯзи 28 август, тахминан соати 11:00 дар наздикии яке аз тарабхонаҳои Конибодом бо ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда ба қисмати қафаси синаи росташ як маротиба задааст».
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расидааст: «Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад».