Эмомалӣ Раҳмон ба зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафари кории худ аз Кӯлобро аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, сафари оқои Раҳмон ба минтақаи Кӯлоб субҳи имрӯз, 31 август шурӯъ гардид. Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз сӯи президент дар ҳолест ки имсол бо ташаббуси раисиҷумҳур 700-солагии ӯро дар саросари кишвар ҷашн мегиранд.
"Ба ифтихори ин санаи муҳим бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи фармоишгар Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфрасохтории иҷтимоӣ азнавсозӣ карда шуд",-хабар медиҳад манбаъ.
Ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб "шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб, вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, иштирок дар оғози тантанаҳои ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳр" унвон шудааст.