Фахриддини Малик бидуни Ситораи Кароматулло ба Олмон меравад
Фахриддини Малик, сарояндаи шинохтаи тоҷик шоми имрӯз, 28 август барои ширкат дар “Анҷумани фарҳангии тоҷикони ҷаҳон” ба Олмон меравад.
Оқои Малик дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, сафари ӯ як ҳафта идома карда, анҷоми чанд консерте ҳам дар шаҳрҳои Франкфурту Берлин дар назар аст.
Фахриддини Малик мегӯяд, қарор буд дар ин сафар ӯро Ситораи Кароматулло, яке аз сарояндаҳои дигари тоҷик низ ҳамроҳӣ кунад, “аммо бо далели он ки бояд дар Узбекистон дар як маросими ҷоизасупорӣ иштирок варзад, натавонист ба Олмон биравад”.
Ба гуфтаи ин овозхон, дар барномаҳои ҳунарияш дар Олмон бештар таронаҳои ҷадиди худро иҷро мекунад. Ӯ мегӯяд, баргузории чунин маҳфилҳои фарҳангӣ барои муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои хориҷ кумак мекунад: “Бо такя ба иқдомоти сарвари давлат ва ибтикору ташаббуси раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар арафаи ҷашни истиқлоли кишвар анҷуманҳои фарҳангии зиёд баргузор мешаванд Чунин ҷашнвораҳо барои тарғиби фарҳанги волои мо кумак мекунанд”.