(АКС) Эълони ғолибони озмуни “Ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ”
Озмуни “Ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ” ғолибони худро ёфт.
Расми эълони ғолибон имрӯз, 28 август дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва 6 тан аз журналистони вилояти Хатлон соҳиби ҷоиза гардиданд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО ва раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ба “Озодагон” гуфт, озмун барои журналистони ноҳиявию вилоятӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар чорчуби лоиҳае эълон гардид, ки дар якҷоягӣ бо ЮСАИД дар самти ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ амалӣ кардаанд. “Мақсад аз амалӣ кардани ин лоиҳа баланд бардоштани малакаи журналистон дар инъикоси масоили ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон буд. Инъикоси дурусти ин мавзӯъ барои ҷумҳурии аграрии мо хеле муҳим аст. Масъалаи ислоҳоти замин, таҷдиди ҳоҷагиҳои деҳқонӣ аз сатҳи некуаҳолии мардум вобастагӣ дорад. Ин озмун як такон барои инъикоси хубтару босифаттари мавзӯъ мебошад”,-афзуд ӯ.
Ҷойи аввали озмун насиби Шералӣ Саидов барои маводи телевизионӣ ва Носирҷон Маъмурзода барои маводи чопӣ гардид ва бо Samsung galaxy Tab4 сарфароз гардиданд. Бибироқия Абдуллоева барои маводи радиоӣ ва Амонҷон Маҳқамов барои маводи чопӣ сазовори мақоми дуюм шуда, бо Samsung galaxy Tab3 қадрдонӣ шуданд. Ҷойи сеюмро Маҳмудхоҷа Султонов барои маводи радиоӣ ва Саидаҳмад Ҳасанов барои маводи чопӣ гирифтанд. Ба онҳо низ Samsung galaxy satar2 тақдим гардид.