Сардори нави “ОМОН”-и ВКД “генерал-майор” шуд
Полковник Муҳаммадзода Хуршед Иззатулло, сардори “ОМОН”-и ВКД рутбаи “генерал-майори милитсия” гирифтааст. Ин рутба ба Хуршед Муҳаммадзода аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросиме бахшида 24-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон тақдим гардидааст.
Хуршед Муҳаммадзода, ки қаблан фармондеҳи неруҳои дохилии ВКД буд, баъди ба Сурия фирор кардани полковник Гулмурод Ҳалимов сардори “ОМОН” таъин шуд.
Бино ба хабарҳо Хуршед Муҳаммадзода дар гузашта ба ҳайси муовини Суҳроб Қосим, собиқ фармондеҳи бригадаи алоҳидаи оперативӣ ва зудамали Вазорати корҳои дохилӣ низ кор карда, баъди истеъфои Суҳроб Қосим дар моҳи феврали соли 2007 ҷойгузини ӯ шудааст.
Гулмурод Ҳалимов раҳбари пешини "ОМОН" баъди як моҳи ғайб заданаш аз Душанбе, 27 майи соли равон тариқи як навор дар интернет эълон кард, ки ба созмони террористии “Давлати исломӣ” пайвастааст.