Амрико аз Узбакистон хост, бо ҳам алайҳи ДИИШ мубориза баранд
Амрико аз Узбакистон даъват кардааст, ба эътилофе, ки барои мубориза алайҳи созмони террористии ДИИШ ташкил шуд, бипайвандад.
Дэниел Розенблюм, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико оид ба умури Осиёи Марказию Ҷанубӣ гуфтааст, дар баробари Узбакистон аз кишварҳои дигар низ барои шомил шудан ба ин эътилоф даъват шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, эътилофи онҳо бар иловаи ҷанг алайҳи ДИИШ бо сармоягузорони ин созмони террористию убури ғайриқунунии марҳо мубориза хоҳад бурд.
Ин дар ҳолест, ки муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико оид ба умури Осиёи Марказию Ҷанубӣ ахиран вохуриеро бо Абдулазим Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон анҷом дода, дар он бархе аз масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд.