Нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон бо иловаи чанд навъи ҳайвони нодир
Китоби сурхи Тоҷикистон аз нав чоп мешавад. Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон имрӯз, 28 август ба “Озодагон” гуфтанд, дар нашри нави китоб чанд намуди наботот ва ҳайвоноти нодир, ки хатари маҳвшавияшон вуҷуд дорад, ворид шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Китоби сурхи Тоҷикистон дар гузашта ду маротиба ба чоп расидааст ва нашри сеюми он рӯзҳои наздик мунташир хоҳад шуд: “Дар бахши олами наботот 14 намуд обсабзу гулсанг, 4 навъи занбӯруғ, 8 намуд ушнашакл, 6 навъи сарахшакл, 3 намуд лучтухм ва 233 намуди пушидатухм ворид гардиданд”.
Дар бахши олами ҳайвонот бошад, 43 намуди паранда, 44 намуди ширхур, 31 намуди хазанда, 14 намуди моҳӣ, 74 намуд ҳашарот ва 9 намуд нармбаданҳо (молюскҳо) ворид шудаанд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, бисёр растанӣ ва ҳайвоноти нодири кишвар, ки барои ҳифзи онҳо тадбирҳои фаврӣ андешидан лозим аст, аз Китоби сурхи Тоҷикистон берун мондаанд: “Мувофиқи маълумоти солҳои охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ 9771 намуди олами наботот, аз ин растаниҳои гулдор- 4454 ва 5317 намуди растаниҳои дараҷаи паст мерӯянд. Аз ин миқдор 1131 намуд растаниҳои хоси маҳал (эндемикӣ) мебошанд, ки танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дучор меоянд. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хело гуногун буда, дар қаламравӣ он беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвоноти бемуҳра (аз ҷумла зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳашарот), 582 намуд ва зернамуди ҳайвоноти муҳрадор муайян гардидааст”.
Тибқи иттилои ин ниҳод, тайи солҳои охир бинобар маҳдуд гардидани саршумор баъзе намудҳои калонҷуссаи ҳайвоноти ширхур, аз қабили гавазни туғай (холгул), ғизол ва ғурм зери хавфи маҳвшавӣ қарор доранд. Ба иттилои манбаъ, дар нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон 485 намуди олами набототу ҳайвонот -- дар бахши олами наботот 268 намуд ва дар бахши олами ҳайвонот 215 намуд ворид шудааст.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, Китоби сурх - ҳуҷҷати илмиест, ки фаъолияти хоҷагидории инсонро оид ба олами набототу ҳайвонот муқаррар месозад. Ба қавли масъулини ин ниҳод, вазифаи асосии Китоби сурхи Точикистон дар асоси меъёру дараҷаҳои муқаррар кардаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат арзёбӣ намудани ҳолати муҳофизати намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки хеле кам мондаанд ё ба ҳадди нестӣ расида, ба онҳо хавфӣ куллан аз байн рафтан таҳдид дорад.