“Қазияи зодрӯзи Амирбек” номи Тоҷикистонро сархати расонаҳои ҷаҳон кард
Ҷарима шудани Амирбек Исоев, як ҷавони тоҷик барои ҷашн гирифтани рӯзи мавлудаш берун аз хона номи Тоҷикистонро ба сархати расонаҳои маъруфи ҷаҳон кашонд.
Расонаҳое ба монанди “The Telegraph”,“Daily Mail”, “Global Post”, “BBC”, “The Week”, бахши инглисии “Радиои Озодӣ”-ву чандеи дигар ба ин мавзӯъ пардохтаанд. Фарзи мисол “The Telegraph” дар ибтидои матлабаш навиштааст: “Пои Амирбек Исоев ба додгоҳ кашида шуд. На барои он ки ҷашнгирии рӯзи мавлудаш ҳамсояҳоро аз хоб бедор кард, балки зодрӯзро дар ҷойи умумӣ таҷлил кард”.
“Daily Mail”, як расонаи маъруфи дигари бритониёӣ дар пасманзари ин хабар навиштааст: “Баргузории рӯзи мавлуд метавонад қонунеро дар Тоҷикистон нақз кунад, ки анъанаҳои мардумро танзим ва аз хароҷоти беш аз ҳадд ҷилавгирӣ мекунад”.
“The Week” навиштааст, “Амирбек Исоев танҳо нафаре нест, ки зери нақзи ин қонун монда бошад”. Ин расона дар пайванд бо ин хабар аз қавли расонаҳои тоҷикӣ навиштааст, “соли 2014 қонуни мазкур 394 маротиба нақз шудааст”.
Расонаҳои русӣ ҳам дунболи ин хабар буданд ва аксари хабаргузориву торнамоҳои Русия ҷарима шудани Исоевро барои чанд муддат дар рӯйхати хабарҳои муҳими рӯзашон ҷойгузин карданд.
Амирбек Исоев 10 июли соли равон аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт барои нақзи қонуни танзими расму ойин ва маросимҳо 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ӯ пас аз гузоштани чанд акс дар Фейсбук ба додситонӣ даъват шуда, онҷо алайҳаш парвандаи маъмурӣ кушоданд.